Арвоҳи домангир
Лоиқ Шералӣ
Мепарад рӯҳи Рустами дастон
Ҷониби мулки умри ҷовидон.
Рӯҳи Таҳмина – рӯҳи домангир
Мепарад аз қафош бо таъхир.
Аз миёни ғубори умри абад
Акси Суҳроби ял ба гавҳари чашм
Бингарад сӯи рӯҳи Таҳмина
Рӯҳи Рустам ба узр аз дари чашм:
Васли мо гӯӣ фасли мо будаст,
Эй дареғи муҳаббати инсон!
Васли як дам – фироқи якумрӣ,
Ишқи як шаб – азоби ҷовидон...
Ғарқа дар хоку хун тани Суҳроб
Хира тобад даруни чашмонаш.
Норизо аз ҳаёти ҷовидон –
Бинӣ аз зӯри худ пушаймонаш.
Дар лабонаш ҳазору як нафрин
Бар набарду кашокаши шоҳон.
Мепарад гарчи сӯи умри абад
Бар замин бингарад ба сад армон.
Рӯҳи Суҳроб – рӯҳи норозӣ
Мекашад низ аз гиребонаш.
Рӯҳи Таҳмина – рӯҳи домангир...
Мекашад бар замин зи домонаш...
1976
- Жанр
- Шеър
- Сол
- 1976 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 140
- 1984Рӯзи сафедсаҳ. 102
- 1991Ману дарёсаҳ. 90
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 307
- 2011Девони замонсаҳ. 82