Фирдавсӣ ва Темур
Лоиқ Шералӣ
(Ривоят)
Масти хун бо савлату боди бурут
Чун сӯи Эронзамин лашкар кашид,
Ланг-лангон Темури бедодгар
Бар мазори поки Фирдавсӣ расид.
Бар сари хоки гиромӣ по фишурд,
Мушти хокеро гирифту бод кард.
Баъд байти зерро бо заҳрханд
Гӯиё аз номи худ бунёд кард:
“Сар аз хок бардору Эрон бубин,
Ба чанги далерони Тӯрон бубин!”
Ногаҳон Фирдавсӣ берун шуд зи гӯр,
Устухонҳо ларз-ларзон аз ғазаб.
Байти зеринро бихонду ғайб зад
Ҳамчу нақши зузанаб дар коми шаб:
“Дар Эрон намондаст шеру паланг,
Ҷаҳонро гирифтаст рӯбоҳи ланг...”
Лол шуд Темур чу санги рӯи гӯр,
Мушкилашро кард осон аскаре:
“Мурдагонаш гар чунин зӯроваранд,
Зиндагонашро чӣ сон зӯр оварӣ!”
Пирмарде гуфт: “Гоҳо, ҳазратам,
Мурдаҳо аз зиндаҳо афзалтаранд.
Фатҳи кӯҳ аз фатҳи рӯҳ осонтар аст,
Мурдаҳо аз зиндаҳо пурдилтаранд...”
1976
- Жанр
- Шеър
- Сол
- 1976 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 142
- 1984Рӯзи сафедсаҳ. 103
- 1991Ману дарёсаҳ. 90
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 307
- 2011Девони замонсаҳ. 83