Аз дур ошёни туро ёд мекунам
Лоиқ Шералӣ
Аз дур ошёни туро ёд мекунам,
Дар ҳар куҷо нишони туро ёд мекунам.
Аз кӯчаҳои шаҳр хаёлӣ чу бигзарам,
Айвони гулфишони туро ёд мекунам.
Аз ҳафт ранги тобиши рангинкамони дур
Садрангии ҷаҳони туро ёд мекунам.
Оғӯшам аз ҷавонию зебоӣ пур шавад,
То чеҳраи ҷавони туро ёд мекунам.
Дар об дида ҷилваи чашми ситорагон,
Чашмони меҳрубони туро ёд мекунам.
Ҳар гаҳ забони хомаам гирад зи изтироб
Лабҳои байтхони туро ёд мекунам.
То бӯи дард бишнавӣ аз шеърҳои ман,
Он дардҳои ҷони туро ёд мекунам.
Азбас дар остонаат мондаст лахти дил,
Якумр остони туро ёд мекунам...
1979
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 81
- 1988Офтобборонсаҳ. 133
- 1991Ману дарёсаҳ. 120
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 581
- 2009Ангораҳосаҳ. 108
- 2011Девони замонсаҳ. 130