Аз қасамҳои ёри нолоиқ.
Лоиқ Шералӣ
Аз қасамҳои ёри нолоиқ.
Ошиқат дар либоси раҳзан буд,
Омаду бурд эътиқодатро.
Омаду ҷумларо ба толон бурд
Сарвати дил, дили кушодатро.
Баъд аз он зиндагоният гӯё
Монд дар нимароҳ бераҳбар.
Бар ягон кас надорӣ ихлосе,
Бар муҳаббат намекунӣ бовар.
Лек қарз аст зиндагӣ кардан,
Чун таваллуд шудем дар дунё!
Ҳар нафас бояд офарид аз нав
Хешро дар ҷаҳони пурсавдо.
Гар чароғе бимурд ними шаб
Зиндагӣ тирашаб нахоҳад шуд.
Аз шамоле шикаст гар шохе,
Нахл аз решааш нахоҳад мурд.
Шӯр не оби ҷумла дарёҳо,
З-одами хуб даҳр холӣ нест.
Гар яке сол хушксолӣ шуд,
Ҳама сол умр хушксолӣ нест.
иан,
- Жанр
- Шеър
Нашрҳо
- 2006Девони дилсаҳ. 310