Аз ситеғи қуллаҳо зардӣ парид
Лоиқ Шералӣ
Аз ситеғи қуллаҳо зардӣ парид,
Соя ҳам аз пуштаҳо доман кашид.
Офтоб аз кӯчаи куҳҳо гузашт,
Аз фарози салтанат поин хамид.
Моҳи нав хамёза кард аз бурҷи кӯҳ,
Рӯди кӯҳӣ як қадар боло дамид.
Қуллаи куҳҳо ба дарё сарнагун,
Нолаи дарё ба гардунҳо расид.
Ахтаре бо ахтаре наздик шуд,
Дидаи худбин чунин манзар надид.
Каҳкашон раҳро мунаввар карду гуфт:
Шабравони зиндагӣ, роҳи сафед!
1988
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1988 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1988Офтобборонсаҳ. 172
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 538
- 2011Девони замонсаҳ. 112