Ба як хаси ҷаҳони ту ҷаҳони мо намерасад

Лоиқ Шералӣ

Ба як хаси ҷаҳони ту ҷаҳони мо намерасад,

Ба оҳи талхи ҷони ту фиғони мо намерасад.

Замона дар замонаҳо ту бастӣ дар таронаҳо,

Ба қадри ним ҳарфи ту замони мо намерасад.

Ба он камони орашӣ, пур аз калом таркаше

Ба он ҳадаф, ки ту задӣ, камони мо намерасад.

Ба вусъати шуури ту мурури мост кӯру кар,

Ба авҷи осмони ту гумони мо намерасад.

Ба пирию шикастагӣ ту рафтӣ сӯи ҷовидон,

Ба гарди корвони ту нишони мо намерасад.

8.09.1995

Жанр
Ғазал
Сол
1995

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо