Бадам, некам, зи аъмолам бипурсед
Лоиқ Шералӣ
Бадам, некам, зи аъмолам бипурсед,
Зи гардонандаи ҳолам бипурсед.
Агар ман хом мондам то бад-ин рӯз,
На аз солам, зи салсолам бипурсед.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1997 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 165
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 740