Барф борид

Лоиқ Шералӣ

Барф борид –

Барфи печон,

Барфи рақсон,

Пора –пора,

Бешумора.

Дар кафи ҳар барг сими реза дод,

Бар дарахтон хилъати покиза дод,

Ҳар дарахти камбари рухзардро

Тоҷи симандуд дар торак ниҳод.

Барф борид –

Барфи хандон,

Барфи рахшон,

Ришта-ришта,

Тора-тора,

Тору пуд абрешимӣ –

Тӯри симин бофт дар болои шаҳр.

Бофт як қасри бузург

Бар сари паҳнои шаҳр.

Барф борид –

Дона-дона,

Ошиқона.

Бар сари рухсори маҳрӯён нишаст,

Бар сари абрӯю бар мижгон нишаст.

Дар баногӯше давиду об шуд,

Дар хами ҳар кокули печон нишаст.

Барф борид –

Барфи равшан,

Покдоман.

Модари меҳнатнасиби мо – Замин

Ҷомахоби оҳарӣ бар рӯ кашид,

Орамид...

То баҳорон хоби хуш,

Эй Замин, эй модари чодарсафед!

1975

Жанр
Суруд
Сол
1975 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо