Биё, дарё равем, эй чашми дарё
Лоиқ Шералӣ
Биё, дарё равем, эй чашми дарё,
Биё, якто шавем, эй ҳусни якто.
Аз ин пастӣ, ки ҷои пастакон аст,
Биё, боло равем, эй қадди боло!
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1982Хонаи чашм · № 389 дар «Куллиёти ашъор»
- 1988Офтобборонсаҳ. 359
- 1991Ману дарёсаҳ. 232
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 710
- 2011Барги сабзсаҳ. 69
- 2011Девони замонсаҳ. 309