Биё, доғи куҳанро тозаам кун
Лоиқ Шералӣ
Биё, доғи куҳанро тозаам кун,
Ба ишқи худ баландовозаам кун.
Чу будам ҷоннисори хосаат ман
Агар мурдам, кафан аз хосаам кун.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1994 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1994Аввалу охири ишқ · № 617 дар «Куллиёти ашъор»
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 144
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 730