Бо абри гузар ҳамеша ёд ор маро
Лоиқ Шералӣ
Бо абри гузар ҳамеша ёд ор маро,
Бо марги шарар ҳамеша ёд ор маро.
З-он пас, ки маро ба хоки тар бигзоранд,
Бо дидаи тар ҳамеша ёд ор маро.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1997 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 130
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 670
- 2011Девони замонсаҳ. 288