Бо худи худ ҳам қарибам, ҳам рақиб
Лоиқ Шералӣ
Бо худи худ ҳам қарибам, ҳам рақиб,
Худфиребам, худфиребам, худфиреб!
То зи худ бегона, бо бегона хеш,
Пурниҳебам, пурниҳебам, пурниҳеб!
То фарози осмон гар рафтаам,
Сарнишебам, сарнишебам, сарнишеб!
Ҷо надорам дар ҷаҳони бекарон,
Ман ғарибам, ман ғарибам, ман ғариб!
Ганҷи дунё хурданам буд орзу,
Бенасибам, бенасибам, бенасиб!
Аз шикебоӣ надидам суду боз
Ношикебам, ношикебам, ношикеб.
Бо дилам кай худҳисобӣ кардаам?!
Беҳисебам, беҳисебам, беҳисеб!...
марти 1990
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1990
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 470
- 2011Девони замонсаҳ. 223
Эзоҳот
- Анхел – обшор дар Амрикои Ҷанубӣ.
- Тугел – обшоре дар Африқо.