Бод дар кафат монда – ҷурми боданӯшиҳо

Лоиқ Шералӣ

Бод дар кафат монда – ҷурми боданӯшиҳо,

Сахтият ба сар омад – узри сусткӯшиҳо.

Раъд бар сарат ғуррад, бод бар дарат шӯрад,

Худ ба худ фиғон дорӣ – ҳосили хамӯшиҳо.

Пухтагон ҳама бурданд пухтаҳои полизат

Норасида мондастӣ – бори хомҷӯшиҳо.

Охирин калӯшатро мебаранд аз поят

Баски достонастӣ дар даҳонкалӯшиҳо.

Мокиёни куркатро мепаранд гунҷишкон –

Заъфи бехурӯсиҳо, заъфи бехурӯшиҳо.

Арғувони боғатро додаӣ ба хастабъон,

Бо вуҷуди урёнӣ боз айбпӯшиҳо?..

Қарздорӣ аз ҳар саг устухоневу лекин

Мекунӣ ба ҳар ҷое устухонфурӯшиҳо...

9.11.1993

Жанр
Ғазал
Сол
1993

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо