Чеҳраи пажмурдаи ман
Лоиқ Шералӣ
Чеҳраи пажмурдаи ман –
Ишқҳои мурдаи ман.
Қомати хамхурдаи ман –
Бодаи камхурдаи ман.
Барои пештоқи арки Ваҳдат
Худовандо, худои хеш гардон миллати моро!
Муяссар кун бақои ҷовидонӣ давлати моро!
Ниҳоди кохи Ваҳдат баски бар хуни шаҳидон аст,
Нигаҳ дор аз шабохунҳои ваҳшат ваҳдати моро!
- Жанр
- Дигар
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 761