Чу барқе як дурахшидему рафтем
Лоиқ Шералӣ
Чу барқе як дурахшидему рафтем,
Чу гул як субҳ хандидему рафтем.
Тамоми бозиҳои зиндагиро
Ба чашми хештан дидему рафтем.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1982Хонаи чашм · № 331 дар «Куллиёти ашъор»
- 1988Офтобборонсаҳ. 345
- 1991Ману дарёсаҳ. 217
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 705