Чу кушоӣ дари ман, бому дарам месӯзад
Лоиқ Шералӣ
Чу кушоӣ дари ман, бому дарам месӯзад,
Рӯ ба рӯям бинишинӣ, ҷигарам месӯзад.
Ту тару тозатар аз шеъри таболудаи ман,
Аз тару тозагият шеъри тарам месӯзад.
То туро дар назар орам, ки хуморам шиканад,
Дили соҳибназарам дар назарам месӯзад.
Аҷаб ин аст, ки андар талаби дидорат
Бесарупояму по то ба сарам месӯзад.
Ман зи ишқи ту пас аз худ асаре хоҳаму лек
Чашми оташасарат беасарам месӯзад.
1986
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1986 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 512
- 2011Девони замонсаҳ. 216