Дили бедилбаре дорам, на месӯзад, на месозад
Лоиқ Шералӣ
Дили бедилбаре дорам, на месӯзад, на месозад,
Кафи хокистаре дорам, на месӯзад, на месозад.
Зи паҳноҳои гардунҳо ба рӯи хоки ҳомунҳо
Фитода ахтаре дорам, на месӯзад, на месозад.
Гули чашмам набигзорад, ки бинам чашми гулҳоро,
Нигоҳи музтаре дорам, на месӯзад, на месозад.
Дареғо, аз сарам рафтаст дасти шафқати модар,
Сари бемодаре дорам, на месӯзад, на месозад.
Дилам холист аз табҳои сӯзони суруди ишқ,
Таби марговаре дорам, на месӯзад, на месозад.
Варақгардон шуда, дардо, китобу дафтари умрам,
Сари дарди саре дорам, на месӯзад, на месозад.
Ба шодиҳои минбаъдӣ ҳама ғамҳом бовар дошт,
Ғами бебоваре дорам, на месӯзад, на месозад.
Зи ашку хуну ҳар обе, ки умре аз сарам бигзашт,
Саропои таре дорам, на месӯзад, на месозад.
1989
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1989
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 511
- 2011Девони замонсаҳ. 181