Чу табболе шабе борони хашмӣ
Лоиқ Шералӣ
Чу табболе шабе борони хашмӣ
Ба боми хонаҳо чӯбакзанӣ дошт.
Дили ман андаруни синаи танг
Зи тобу таб бинои ҷонканӣ дошт.
Арӯси орзуи ман! Куҷоӣ,
Ки борон асту борон асту борон.
Раши борон ба чанги бод дидам
Мисоли кокулат пурмавҷу печон.
Дилам хоҳад равам аз хона берун
Давам дар зери борон то уфуқҳо,
Равам он ҷо, ки шояд вонамояд
Нишони орзуи мурдаамро.
Дилам хоҳад равам аз хона берун
Тамоми шаҳрро оғӯш гирам.
Зи пушти тӯри борон чун биёӣ,
Зи ҷӯши лаззати шодӣ бимирам.
Тамоми кӯчаи шаҳри Душанбе
Хаёле аз қадамҳои ту дорад.
Дили ман бо ҳама шӯру ҷунунаш
Таманнои саропои ту дорад.
Биё, к-аз орзуи худ ситонем
Насиби чанд рӯзи рӯзгорон.
Арӯси орзуи ман! Куҷоӣ,
Ки борон асту борон асту борон...
1975
- Жанр
- Шеър
- Мавзӯъҳо
- Ишқ
- Сол
- 1975 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 86
- 1984Рӯзи сафедсаҳ. 38
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 350
- 2006Девони дилсаҳ. 213
- 2009Ангораҳосаҳ. 84