Дар рӯи ҷаҳонему надонем ҷаҳон чист

Лоиқ Шералӣ

Дар рӯи ҷаҳонему надонем ҷаҳон чист,

Фарзанди замонему надонем замон чист.

То пир нагардем, нафаҳмем ҷавонӣ,

То хок нагардем, надонем нишон чист.

То ташна намонем, наҷӯем раҳи об,

То гушна намонем, надонем, ки нон чист...

То боре насӯзем, надонем, ки хомем,

То барг нарезем, надонем хазон чист.

Ношукрии мо бар намаки умр зиёд аст,

То ҷон набарорем, надонем, ки ҷон чист...

1982

Жанр
Ғазал
Сол
1982 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо