Дар санги мақбараи Айнӣ
Лоиқ Шералӣ
Хаёлманду мушавваш зи санг менигарӣ,
Ҳанӯз хотираҳои нагуфта бисёр аст.
Ҳанӯз мекашӣ озор андаруни лаҳад,
Ки захмҳои танат хунчакону хуншор аст.
Чи бурдӣ он ҳама захми замон ба зери замин
Замин чу пайкари захмии туст – афгор аст...
- Жанр
- Дигар
Нашрҳо
- 1975Хоки Ватансаҳ. 131
- 1988Офтобборонсаҳ. 382
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 743