Дарёи пуроб шӯру тӯфон дорад
Лоиқ Шералӣ
Дарёи пуроб шӯру тӯфон дорад,
Ҳар марди пурифтихор исён дорад.
Ҷоҳил зи ҳасад даруни худро бихурад,
Оқил зи хирад фарохмайдон дорад.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 226 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 188
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 664
- 2011Девони замонсаҳ. 282