Якчанд ҷавони шӯху саркаш бошем
Лоиқ Шералӣ
Якчанд ҷавони шӯху саркаш бошем,
Савдозадаи ишқи париваш бошем.
Гӯянд, ки мушти хок монад з-оташ,
То хок шавем, бояд оташ бошем!
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 228 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 188
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 664
- 2011Девони замонсаҳ. 283