Дастҳое, ки фишурдам, ёд бод!
Лоиқ Шералӣ
Дастҳое, ки фишурдам, ёд бод!
Ҳар лабе, ки бӯса кардам, ёд бод!
То ба кӯи ёр бо сад ранҷу бим
Роҳҳое, ки сипардам, ёд бод!
Лаҳзае, ки ҷои рӯзу моҳи умр
Кокули ёре шумурдам, ёд бод!
Лоуболу дилфароху сарфароз
Соате, ки бода хурдам, ёд бод!
Дар ҷаҳони маргафзои махуф,
Рӯзҳое, ки намурдам, ёд бод!
1975
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1975 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1975Хоки Ватансаҳ. 153
- 1991Ману дарёсаҳ. 106
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 501
- 2011Девони замонсаҳ. 91