Дидан ҳама касрову надидан – назари мост

Лоиқ Шералӣ

Дидан ҳама касрову надидан – назари мост,

Чидан ҳама гулрову начидан – самари мост.

Бори ҳама айём кашидан ба сари дӯш,

Бори дили худро накашидан – ҳунари мост.

То манзили хуршед расидан ба муҳобо,

Бар манзили мақсад нарасидан – сафари мост.

Нодида, надониста давидан ба суи уфқ,

Аз худ қадаме ҳам нараҳидан – зафари мост.

Дар ишқ ба сад лоф тапидан зи ғами ёр,

Дар хуни дили худ натапидан – асари мост.

1989

Жанр
Ғазал
Сол
1989 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо