Дил андар синаам ҳар дам шукуфад
Лоиқ Шералӣ
Дил андар синаам ҳар дам шукуфад,
Гаҳ аз шодӣ, гаҳе аз ғам шукуфад.
Дилам ҳамнавъи гулҳои пиёда-ст
Ки помоли саворон ҳам шукуфад.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1982Хонаи чашм · № 423 дар «Куллиёти ашъор»
- 1988Офтобборонсаҳ. 369
- 1991Ману дарёсаҳ. 241
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 713