Дило, фарёди ту гар гӯшрас нест
Лоиқ Шералӣ
Дило, фарёди ту гар гӯшрас нест,
Чунин ёбам: дар олам ҳеҷ кас нест.
Гули тарро ба сарвақт ар набӯӣ,
Замину осмон ҷуз хору хас нест.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 161
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 687
- 2011Девони замонсаҳ. 339