Ду панҷаи ман ба мӯи ту шона нашуд

Лоиқ Шералӣ

Ду панҷаи ман ба мӯи ту шона нашуд,

Девонагиям дар ишқ афсона нашуд.

Ду хонаи чашми ман фурӯ рафт ба об,

Ҳайҳот, ки чашми ту ба ман хона нашуд.

Жанр
Рубоӣ

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо