Дунёст, ки дӯстии гургу меш аст
Лоиқ Шералӣ
Дунёст, ки дӯстии гургу меш аст,
Аз хеш мабол, душманат дар пеш аст.
Эй дӯст, хасе ҳам агарат душман нест,
Як дӯст зиёда кун, ки душман беш аст.
- Жанр
- Рубоӣ
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 673
- 2011Девони замонсаҳ. 292