Дуо

Лоиқ Шералӣ

Ту гули шукуфтарӯӣ, ҳама бехазон бимонӣ,

Ту баҳорӣ гулфишонӣ, ҳама гулфишон бимонӣ,

Ҳама дам кунам дуоят, ки чунин ҷавон бимонӣ!

Ту маро шинохтӣ боз, ту маро гудохтӣ боз,

Ба сипоси он муҳаббат, ки маро навохтӣ боз,

Ҳама дам кунам дуоят, ки чунин ҷавон бимонӣ!

Ту маро ба ман намудӣ, ба дилам ҷунун фузудӣ,

Ба сипоси он ки дар ман чи хазинаҳо кушудӣ,

Ҳама дам кунам дуоят, ки чунин ҷавон бимонӣ!

Ба сипоси он, ки бо ту дили ман гули шарар чид,

Ба сипоси он, ки бо ту ғами дил азиз гардид,

Ҳама дам кунам дуоят, ки чунин ҷавон бимонӣ!

Ба ҳақи ҳама саодат, ба ҳақи ҳама иноят,

Ба ҳақи ҳама фатонат, ба ҳақи ҳама назокат,

Ҳама дам кунам дуоят, ки чунин ҷавон бимонӣ!

Зи барои хандаҳоят, зи барои чашмҳоят,

Зи барои ҳар садоят, зи барои ҳар дуоят

Ҳама дам кунам дуоят, ки чунин ҷавон бимонӣ!

1982

Жанр
Шеър
Мавзӯъҳо
Ишқ
Сол
1982 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо