Эй дил, эй дил, ҳама фарёд зи шайдоии ту
Лоиқ Шералӣ
Эй дил, эй дил, ҳама фарёд зи шайдоии ту,
Ки чунин пир шудам аз ғами барноии ту.
Бар ману ҳастии ман ҳукми ту бисёр гузашт,
Гӯлу нодон шудам аз вусъати доноии ту.
Ман ба чашми ту назар кардаму дунё дидам,
То шиносам асари меҳнати дунёии ту.
Лаззате дошт агар умри ману меҳнати ишқ,
Буд он ҳам тапиши соати раҳпоии ту.
Он қадар об шудам, то ту шудӣ дарёе,
Оқибат ғарқ шудам дар гуми дарёии ту.
1982
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 616
- 2011Девони замонсаҳ. 166