Эй он, ки бенишонаӣ, роҳат сафед бод!

Лоиқ Шералӣ

Эй он, ки бенишонаӣ, роҳат сафед бод!

Эй он, ки бефасонаӣ, роҳат сафед бод!

Эй он, ки дар канори ин дунёи беканор

Раҳҷӯи бекаронаӣ, роҳат сафед бод!

Эй он, ки дар ҷудоиву дуриву бекасӣ

Аз ҳеҷ кас ҷудо наӣ, роҳат сафед бод!

Эй он, ки дар харобаи уммедҳои хеш

Сар то ба по хазонаӣ, роҳат сафед бод!

Эй он, ки бо заифиву пириву мондагӣ

Пуршӯр чун ҷавонаӣ, роҳат сафед бод!

Эй он, ки шуҳратат ҳама дунё гирифту худ

Муҳтоҷи як таронаӣ, роҳат сафед бод!

Эй он, ки бо тамоми шикасту микасти раҳ

То ҷовидон равонаӣ, роҳат сафед бод!

1982

Жанр
Ғазал
Сол
1982 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо