Фалак, то ҳастӣ ту, нолиш бимонад
Лоиқ Шералӣ
Фалак, то ҳастӣ ту, нолиш бимонад,
Барои ганҷи ту ранҷиш бимонад.
Сарамро чарх мегардонӣ ҳар дам,
Илоҳӣ, чархат аз гардиш бимонад.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1982Хонаи чашм · № 379 дар «Куллиёти ашъор»
- 1988Офтобборонсаҳ. 357
- 1991Ману дарёсаҳ. 230
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 709