Гарде ҳама аз гардиши гардун хурдем
Лоиқ Шералӣ
Гарде ҳама аз гардиши гардун хурдем,
Дар ишқ ғами Лайлию Маҷнун хурдем.
Аз синаи модарон ҳама шири сафед,
Аз синаи торих ҳама хун хурдем.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 55 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 164
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 649
- 2011Девони замонсаҳ. 264