Як пораи санг бас шарарҳо зояд
Лоиқ Шералӣ
Як пораи санг бас шарарҳо зояд,
Як зарра худ инқилоби дунё зояд.
Торих, зи баҳри он, ки раҳгум назанад,
Чун модари кӯр тифли бино зояд.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 56 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 165
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 649
- 2011Девони замонсаҳ. 264