Гули рӯят хазонеро набинад
Лоиқ Шералӣ
Гули рӯят хазонеро набинад,
Ғубори осмонеро набинад.
Нишонат кард агар тири нигоҳе,
Дар ин дунё нишонеро набинад.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1988 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1988Офтобборон · № 509 дар «Куллиёти ашъор»
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 155
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 721