Гумном мекушанд маро номдорҳо
Лоиқ Шералӣ
Гумном мекушанд маро номдорҳо,
Ноком мебаранд маро комгорҳо.
Як сар баланд дида маро аз ҷалоли худ,
Полағз медиҳанд маро поядорҳо.
Ман дар замини вусъати худ осмониям,
Дар хок мезананд маро хоксорҳо.
Ман дардманди шеъраму эшон ба суди худ,
Хоҳанд ҷои шеър санову шиорҳо.
Бар чашми офтоб надоранд чашми дид,
Дар соя мекашанд маро соядорҳо.
Ҳарчанд фикри хоми ман масруфи пухтагист,
Дардо, ки хом мехуранд ин хомхорҳо.
То шеъру ишқ, шоиро, аз беқарорӣ аст,
Бидруд, эй таҳаммули сабру қарорҳо!
1997
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1997 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 57
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 463
- 2011Девони замонсаҳ. 159