Гуноҳи шоирон беҳ аз савоб аст
Лоиқ Шералӣ
Гуноҳи шоирон беҳ аз савоб аст,
Сиришки талхашон беҳ аз шароб аст.
Ба базми синаи онон шитобед,
Ки дуди оҳашон беҳ аз кабоб аст.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 148
- 1988Офтобборонсаҳ. 320
- 1991Ману дарёсаҳ. 190
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 681
- 2009Ангораҳосаҳ. 123
- 2011Девони замонсаҳ. 329