Гӯянд ҷаҳон барои инсон танг аст
Лоиқ Шералӣ
Гӯянд ҷаҳон барои инсон танг аст,
Ин бофтаи сарони бефарҳанг аст.
Дунё зи барои дӯстиҳост фарох,
Аммо зи барои душманиҳо танг аст.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 70 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 166
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 650
- 2011Девони замонсаҳ. 265