Ҳамчунон дар тамоми давру замон
Лоиқ Шералӣ
Ҳамчунон дар тамоми давру замон
Устоди сухан чи кампайдо,
З-устодони туҳмату буҳтон
Зиндагонӣ пур аст, сад ҳайфо!
Бо ту хоҳам сафои хонаи чашм,
Оҳ аз чашм-чашми каҷбинон.
Бо ту хоҳам сухан кунам аз дил,
Дод аз дасти ин суханчинон.
Бо ту ҷои гурез ноёб аст,
Гарчи зебад ҳама ҷаҳон бо ту.
Оқибат дафтари ғазал дар даст
Мегурезам ба ҷовидон бо ту...
1982
- Жанр
- Шеър
- Мавзӯъҳо
- Ишқ
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1988Офтобборонсаҳ. 284
- 1991Ману дарёсаҳ. 76
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 377