Ҳар чашм, ки наззора кунад, ҷӯё нест
Лоиқ Шералӣ
Ҳар чашм, ки наззора кунад, ҷӯё нест,
Ҳар роҳбари савор раҳпаймо нест.
Ҳар ланг нашуд ҷаҳонситон чун Темур,
Ҳар кӯр ба мисли Рӯдакӣ бино нест.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 18 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 160
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 646
- 2009Ангораҳосаҳ. 114
- 2011Девони замонсаҳ. 260