Хушбахт касе, ки хидмати ёр кунад
Лоиқ Шералӣ
Хушбахт касе, ки хидмати ёр кунад,
Ҳар ҷо, ки қадам ниҳод, гулзор кунад.
Зангӯлаи гоҳвораю гиряи тифл
Ҳар субҳ варо зи хоб бедор кунад.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 16 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 160
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 646
- 2011Девони замонсаҳ. 260