Ворафта дилам, суруди ногуфта дилам
Лоиқ Шералӣ
Ворафта дилам, суруди ногуфта дилам,
Шӯридаву жӯлидаву ошуфта дилам.
Дар ҳотаи тирамаҳ шукуфтан хоҳӣ,
Дар адли баҳори хеш нашкуфта дилам.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 12 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 159
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 645