Ҳар замон аз зиндагонӣ бишнавам панди дигар
Лоиқ Шералӣ
Ҳар замон аз зиндагонӣ бишнавам панди дигар,
Ки дарахти умр дорад решапайванди дигар.
Гар хирадманде пушаймон рафт аз рӯи замин,
Боз дар рӯи замин рӯяд хирадманди дигар.
Халқ бе фарзанди оламгир оламгир нест,
Боз ёбад модари тоҷик фарзанди дигар.
Баски коми тоҷиконро бо сухан бардоштанд,
Боз ояд шоиру шеъру пасованди дигар.
Дар замоне, ки замину осмон ҳам бехудост,
Дар сухан бояд паямбар ё худованди дигар.
1979
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1984Рӯзи сафедсаҳ. 72
- 1991Ману дарёсаҳ. 118
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 542
- 2011Девони замонсаҳ. 97