Ҳарчанд зи дард рӯзу шаб месӯзӣ
Лоиқ Шералӣ
Ҳарчанд зи дард рӯзу шаб месӯзӣ,
Аз шуълаи оҳ сина меафрӯзӣ,
Аз ҷумлаи рафтагону бозомадагон
Хушрӯзтарӣ, ошиқи меҳнатрӯзӣ!
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1980 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1980Варақи санг · № 234 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 174
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 665