Ҳусни беназир

Лоиқ Шералӣ

Ҳар гаҳ ки бинамат

Бо қомати баланд,

Ояд дилам ба дод,

Эй давлати баланд.

Ман ошиқи туям,

Дил дар паноҳи туст.

Бахти сафеди ман

Чашми сиёҳи туст.

Ҳар гаҳ, ки бинамат

Дар ин ҷаҳони пир,

Аз нав ҷавон шавам,

Эй ҳусни беназир.

Ман ошиқи туям,

Дил дар паноҳи туст.

Бахти сафеди ман

Чашми сиёҳи туст.

Ҳар гаҳ, ки бинамат

Дар рӯ ба рӯи дил,

Ошуфтаҷон равам,

Аз нав ба кӯи дил.

Ман ошиқи туям,

Дил дар паноҳи туст.

Бахти сафеди ман

Чашми сиёҳи туст.

1986

Жанр
Суруд
Сол
1986 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо