Ин ҳама оғозҳо аз хоки бунёди ман аст
Лоиқ Шералӣ
Ин ҳама оғозҳо аз хоки бунёди ман аст,
Ин ҳама парвозҳо аз файзи иршоди ман аст.
Ин ҳама озодию озодагии марду зан
Як талоши ҳақгузори рӯҳи озоди ман аст.
Ман басо дар хештан шӯрида пас ворастаам,
Раъду барқи осмон як шуъла фарёди ман аст.
Ман басо дар остонам осмон бикшодаам,
Осмон як сафҳа аз девони эҷоди ман аст.
Гар худо дар офариниш монд оҷизтар зи ман,
Ин ҳама аз ҷавҳари табъи худододи ман аст.
Меравад аз хуни ман бар даҳр мавҷи инқилоб,
Инқилоби ҷовидон ҳамхуну ҳамзоди ман аст.
Чор унсур худ набошад мояи шакли ҷаҳон,
Ин ҷаҳон ёди ману ёди ману ёди ман аст!
1979
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1988Офтобборонсаҳ. 87
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 476
- 2009Саду як ғазалсаҳ. 17
- 2011Девони замонсаҳ. 123
Эзоҳот
- Баҳра аз байти: Ҳар киро роҳбар заған бошад, Гузари ӯ ба марғазан бошад. ки ҷое ба устод Рӯдакӣ ва ҷое ба Унсурӣ нисбат додаанд.