Сабукборему бори оламе бар дӯш мегардем
Лоиқ Шералӣ
Сабукборему бори оламе бар дӯш мегардем,
Дар оғӯши ҷаҳон дар ҳасрати оғӯш мегардем.
Агар исён кунем, офоқ метаркад ба рӯи мо,
Даруни сина тӯфонҳову худ хомӯш мегардем.
Надониста басе рашки сару сомони мо доранд,
Даруни дил хазонрезасту худ гулпӯш мегардем.
Гаҳе беҳушу гоҳе бесарупо будаем, аммо
Зи сар то нохуни по чашму гӯшу ҳуш мегардем.
Ба чашми оқилон – оқил, ба чашми ҷоҳилон –ҷоҳил,
Ба чашми хеш ҳамчун чашмаи пурҷӯш мегардем.
1979
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1988Офтобборонсаҳ. 89
- 1991Ману дарёсаҳ. 96
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 588
- 2011Девони замонсаҳ. 103