Ишки ту

Лоиқ Шералӣ

(Суруд)

Бо ёди ту, эй моҳи нав,

Ман оҳу ғампарвардаам.

Дар роҳи ишки ту гарав

Ҷони ҷавон овардаам.

Биншин ба паҳлӯям каме,

То рози худ гӯям даме.

Тақдири ман, омоли ман

Пайваста бо паймони туст.

Дунёи истиқболи ман

Обод бо дастони туст.

Бошад, шавӣ ҳамқисматам,

Ҷононаи хушқоматам.

Оғози ман, анҷоми ман

Дар олами беинтиҳо.

Ишки ту бошад, дилбаро!

Ишкат амонам медиҳад,

Ному нишонам медиҳад.

Жанр
Шеър

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо