Ишқи навшӯрида мехоҳад дилам
Лоиқ Шералӣ
Ишқи навшӯрида мехоҳад дилам,
Ҳусни навболида мехоҳад дилам.
З-ин ҳама такрорҳо рӯҳам шикаст,
Рӯи нобӯсида мехоҳад дилам.
Аз тамоми дидаҳо дилмондаам,
Манзари нодида мехоҳад дилам.
Дар бало печидаам аз печи зулф,
Зулфи нопечида мехоҳад дилам.
Роҳи осонам басе арзон гирифт
Роҳи носанҷида мехоҳад дилам.
Дар дилам гарду ғубори зиндагист,
Барфи навборида мехоҳад дилам.
То маро варзад барои шеъри ишқ,
Ишқи новарзида мехоҳад дилам.
1986
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1986 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 575
- 2011Девони замонсаҳ. 154