Ҷаҳони ишқи ниҳоне ҷаҳоншиносам кард
Лоиқ Шералӣ
Ҷаҳони ишқи ниҳоне ҷаҳоншиносам кард,
Фиғони оби равоне равоншиносам кард.
Нигоҳи масти ҷавонӣ бикард агар пирам,
Нигоҳи хастаи пирӣ ҷавоншиносам кард.
Чи баргҳо, ки зи нахли умедҳоям рехт,
Чи сабзаҳо, ки баҳорон хазоншиносам кард.
Басо рисола зи вазъи замона хондам, лек
Замонасозии чанде замоншиносам кард.
Беҳ аз ҳазор “Ғиёс”-у беҳ аз дусад “Фарҳанг”
Забондарозии чанде забоншиносам кард.
Зи пастфитратии чанд бебароре шукр,
Ки дар замини ҳунар осмоншиносам кард...
1986
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1986 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1991Ману дарёсаҳ. 129
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 508
- 2009Ангораҳосаҳ. 97
- 2011Девони замонсаҳ. 114